Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» қабул гардид

Март 9, 2017 11:58

ДУШАНБЕ, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низомҳои пардохтӣ, ба танзим даровардани хизматрасониҳои пардохтӣ, мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохтӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»-ро таҳия намуд. Қонуни мазкур 24 феврали соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда буд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» фаъолияти таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, аз ҷумла интиқолдиҳандагони маблағҳои электронӣ, агентҳо ва субагентҳои бонкии пардохтӣ, операторони низомҳои пардохтӣ, танзимгарони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро ба танзим дароварда, талаботро барои ташкил ва фаъолияти низомҳои пардохт ва тартиби назоратро аз рӯи фаъолияти онҳо муқаррар менамояд.
Инчунин бо мақсади пурзӯр намудани назорати ҷамъоварии пардохтҳо ва таъмини шаффофият дар фаъолияти ҷамъоварии пардохтҳо дар қонуни мазкур талабот барои фаъолияти агентҳои/субагентҳои бонкии пардохтӣ ва истифодаи терминалҳои худкори худхизматрасон муқаррар гардидаанд.
Мутобиқи талаботи қонуни қабулшуда ширкатҳои ба ҷамъоварии пардохтҳо машғулбуда бояд иҷозатномаи фаъолияти оператори низоми пардохтиро гиранд ё ҳамчун агентҳои бонкии пардохтии ташкилотҳои қарзӣ амал намуда, ҷамъоварии пардохтҳоро анҷом диҳанд.
Дар айни замон аз ҷониби чор ташкилоти қарзӣ 1306 адад терминалҳои худкори худхизматрасон барои ҷамъоварии пардохтҳо фаъолият намуда истодаанд (ҶСК «Бонки Эсхата»- 483 адад, ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд»- 18 адад, ҶСП БС «Конт»-2 адад ва ҶДММ ТАҚХ «Авфа»-803 адад) ва ин ташкилотҳои қарзӣ ба муштариёни худ хизматрасониҳои пардохтиро пешниҳод намуда истодаанд.

Март 9, 2017 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст