Озмуни наттоқони забони ҷопонӣ ҷамъбаст шуд

Март 13, 2017 11:56

ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 11 марти соли равон бо иштироки Китаока Ҳаҷиме, Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Танабе Ҳидеки, роҳбари намояндагии JIСА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни наттоқони забони ҷопонӣ баргузор гардид. Озмун ҳамасола бо мақсади равнақ бахшидани омӯзиши забони ҷопонӣ бо дасгирии Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ДДЗТ) ба номи Сотим Улуғзода баргузор мегардад. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон хабар доданд,
Дар озмуни навбатӣ 20 нафар довталабон аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон ва Гимназияи «Ҳотам ПВ» аз рӯи шартҳои сухангӯӣ бо забони ҷопонӣ, қироати шеър ва ҳикоя бо забони ҷопонӣ иштирок намуданд.
Дар ҷамъбаст Гулизор Нурова аз ДДЗТ сазовари ҷойи якум, Фирӯза Нурова аз ДДЗТ сазовори ҷойи дуюм ва Сурайёи Абдуқосим аз гимназияи «Ҳотам ПВ» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Март 13, 2017 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад