Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ бориши борони пуршиддат ва барфи тар дар назар аст

Март 29, 2017 12:23

ДУШАНБЕ, 29.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30 март то 1 апрели соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта, боришот, дар баъзе минтақаҳо боронҳои шиддатнок ва пай дар пай, дар манотиқи кӯҳӣ барфи тар пешгўӣ карда мешавад. Эҳтимоли раъду барқ низ вуҷуд дорад.
Инчунин таҳдиди баландшавии оби дарёҳои Қизилсу, Оқсу ва Оби Хингоб, инчунин дарёҳое, ки дар минтақаи қаторкӯҳҳои Ҳисор воқеъ ҳастанд, дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтимоли лағзиши тарма, сангрезаҳо ва омадани сел дар назар аст.
Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бемаврид ва нозарур аз минтақа ба минтақаи дигар, бахусус ба манотиқи тармахез ва селрез худдорӣ кунанд.

Март 29, 2017 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад