Рӯзноманигор аз Боми ҷаҳон дар озмуни Парлумон ҷои аввал ва 4000 сомонӣ гирифт
ДУШАНБЕ, 16.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Қурбон Аламшоев, рӯзноманигор ва роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» аз Бадахшон дар озмуни ҷумҳуриявии асарҳои беҳтарин оид ба мавзӯи экологияи Маҷлиси намояндагон барои филми мустанад дар мавзӯи «Фарҳанги шикор дар Помир», ки дар асоси асари илмӣ-оммавии худи муаллиф таҳия гардидааст, ҷои якумро мушарраф гардида, соҳиби мукофоти пулӣ дар ҳаҷми чор ҳазор сомонӣ гардид. Инчунин зинаи дуюми озмун бо мукофоти пулии се ҳазор сомонӣ барои силсилаи мақолаҳо дар бораи гузариш ба «иқтисоди сабз», тағйирёбии иқлим, қабати озонии замин, обшавии пиряхҳои Федченко ва нақши Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти экологӣ насиби Ҷамолиддин Ёқубов, сармуҳаррири маҷаллаи «Ҳифзи табиат» гардид. Ҷои сеюми озмунро бо ҷоизаи пулии ду ҳазор сомонӣ мудири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоёти нашрияи парлумонии «Садои мардум» Бурҳониддин Каримзода барои силсилаи мақолаҳо оид ба муносибати мутақобилаи инсон ва табиат, оби тоза ва эҳёи вожаи «вубол» дар муносибат бо муҳити атроф касб кард. Зинаи чоруми озмун насиби ҳашт нафар кормандони Маҷлиси намояндагон ва ВАО гардид.
Мукофотҳои пулӣ ва хотиравиро ба рӯзноманигорон Акрамшо Фелалиев, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана зимни баргузории ҷаласаи Комиссияи экологии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе супорид.
Акрамшо Фелалиев зикр кард, ки мақсади озмуни экологӣ инъикоси воқеъбинонаи мавқеъ ва сиёсати экологии пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин восита ғанӣ гардонидани фазои иттилоотӣ бо мақолаҳое, ки вазъи экологии муҳити зистро ифода мекунанд, инчунин ҷалби бештари рӯзноманигорон, олимону коршиносон ва дигар доираҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Зикр шуд, ки ба озмун 11 асар пешниҳод гардид, ки ба инъикоси воқеии масъалаҳои мубрами экологии муҳити зист, чи дар дохили кишвар ва чи дар минтақа ва ҷаҳон, муваффақияту дастовардҳо, мушкилот ва ҳамчунин таҳлили мушкилоти ҷудогонаи экологии кишварамон бахшида шудаанд. Муаллифони мақолаҳо намояндагони ВАО, коршиносон ва олимону мутахассисон мебошанд, ки ин аз васеъ гардидани доираи фарогирии озмун шаҳодат медиҳад.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






