Раёсати адлияи ВМКБ дар шаҳри Хоруғ Маркази ёрии ройгони ҳуқуқӣ таъсис дод

Март 12, 2017 08:27

ХОРУҒ, 12.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи расондани ёрии ҳуқуқии ройгон дар ҷумҳурӣ» бо иқдоми Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии Маркази ёрии ҳуқуқӣ ташкил гардид. Дар робита ба қарори мазкур дар шаҳри Хоруғ бо ҷудо намудани ду воҳиди корӣ бюрои кумаки ёрии ҳуқуқӣ ба фаъолият оғоз кард. Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед кормандони ин бюроро ба ҳузур пазируфт ва гуфт, ки «ин нахустин маркази ҳуқуқӣ аст, ки ба корафтодагон кумаки ройгони ҳуқуқӣ мерасонад. Бо муроҷиат ба ҳуқуқшиносони ҷавон раиси вилоят изҳор дошт, ки саҳми шумо дар боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон хеле зиёд аст ва мо умедворем, ки дар таҳкими давлати ҷавони ҳуқуқбунёди тоҷикон саҳми арзишманд мегузоред».
Ҳуқуқшиноси ҷавон Амонсултон Садшоева гуфт, ки чанд сол пеш факултаи ҳуқуқшиноси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, ҳоло ба фаъолияти корӣ дар ин бюро оғоз намудааст. «Кӯшиш мекунам, ки аз дониши андӯхтаам дар донишгоҳ дар таҷрибаи корӣ самаранок истифода барам ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар ҳама гуна ҳолат дифоъ кунам».
Раиси ВМКБ ба кормандони ҷавони бюрои ёрии ҳуқуқӣ ваъда дод, ки бо фароҳам омадани шароит барояшон утоқи алоҳидаи корӣ ҷудо хоҳад кард.

Март 12, 2017 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик