Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки ҳозиршавии шахсони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда таъмин карда шавад
ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо қарори навбатии худ вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор сохт, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»-ро мавриди иҷрои ҳатмӣ қарор диҳанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур моҳҳои апрел-майи соли 2017 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд даъват карда шаванд.
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки комиссариатҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус, бо назардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе уҳдадор гардид, ки ба комиссияҳои даъват духтурони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тиб, ки малакаи амалии кор дар комиссияро доранд, сафарбар карда, онҳоро бо воситаҳои зарурӣ ва ҳангоми зарурат бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин намоянд.
Ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки нисбат ба шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, корҳои пешгириро амалӣ намуда, ҳозиршавии онҳоро таъмин намоянд.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ гузошта шуд.








Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад






