Сафари бобарор: ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон вусъати тоза мегирад

Март 1, 2017 13:36

ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов ба давлати Ҷопон сафари корӣ анҷом дод. Номбурда дар доираи иштирок дар Бозиҳои XVIII зимистонаи Осиё бо роҳбарияти Шӯрои олимпии Осиё ва як гурӯҳ президентҳои кумитаҳои олимпии кишварҳои осиёӣ баҳри рушди ҳамкории олимпӣ мулоқотҳои судманд доир намуд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии
Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқоти хоса бо Шайх Аҳмад ал Фаҳд ал Сабоҳ Президенти Шӯрои олимпии Осиё маҷмӯи тадбирҳои вобаста ба рушди намудҳои алоҳидаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвият бахшидани ҳамбастагии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Осиё баррасӣ гардид.
Шайх Аҳмад ал Фаҳд ал Сабоҳ аз сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, мардуми Тоҷикистонро ҳамчун халқи тамаддунофар ва Ҳукумати кишварро варзишпарвар эътироф намуд. Ӯ зикр намуд, ки баҳри тавсеа бахшидани ҳамкорӣ манфиатдор буда, дар ин ҷода тамоми тадбирҳои судмандро меандешад.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими инфрасохтори варзишӣ бисёр муҳим арзёбӣ гардида, Шайх Аҳмад ал Фаҳд ал Сабоҳ аз ҷараёни навсозии Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара», ки дар як муддати кӯтоҳ ба сатҳ ва сифати баланд навсозӣ гардонида шуд, изҳори хушнудӣ намуд.
Маҳз инфрасохтор ва фаъолияти босамари Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон боиси он гардид, ки варзишгарон тоҷик шарафманди иштирок дар Бозиҳои XVIII зимистонаи Осиё гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик зери сарпарастии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон аз 19 то 26 феврали соли равон дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ иштирок намуда, дар миёни варзишгарони қораи Осиё мақомҳои 19, 20, 21 ва 22- юмро ишғол намуданд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки дар баробари ширкат дар бозиҳо, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудани масъалаҳои рушди ҳамкории олимпӣ аз касбияти сатҳи баланди масъулини Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак дода, Шӯрои олимпии Осиё дар ҷараёни татбиқи тамоми ҳадафҳо доир ба рушди ҳамкории олимпӣ ҳамқадами масъулини соҳаи варзиши Тоҷикистон мебошанд.
17035222_1852626045013083_1186663160_nДар мулоқот ҳамчунин Шамсулло Соҳибов мушкилоти умдаи соҳаи варзиши олимпиро, ки ҳалли онҳо ҷаҳду талоши масъулини давлатҳои минтақаи Осиёро талаб менамояд, таҳлилу баррасӣ намуд, ки ҳамфикрии комил аз натиҷаи онҳо ба даст омад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо баҳри дар сатҳ ва сифати нав рӯи кор овардани ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд. Шайх Аҳмад ал Фаҳд ал Сабоҳ пешниҳоди Шамсулло Соҳибовро ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Тоҷикистон хуш пазируфта, иброз намуд, ки баҳри сохтмони як майдончаи варзишӣ, кумаки техникӣ ба Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеа бахшидани самарабахшии барномаҳои ҳамбастагии олимпӣ тасмим мегирад.
Ҳамчунин дар ҷараёни сафар муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов бо Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷопон Такаэда Сунэкадзу, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Қазоқистон Тимур Қулибоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Ш.Абдукаримов баҳри тавсеа бахшидани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни кумитаҳои миллии олимпӣ муколамаҳо ба анҷом расонид. Дар ҷараёни ин вохӯриҳои судманд роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамтоёни худ масъалаи ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкории дуҷонибаро матраҳ намуданд, ки ин иқдом ҳамчун қадами муҳим дар роҳандозии ҳамкории мутақобиланд судманд хуш қабул карда шуд.
Дар ин ҷараён Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Казоқистон Тимур Қулибоев аз сатҳи сифатан нав касб намудани ҳамкории дуҷониба изҳори хушнудӣ намуда, Шамсулло Соҳибовро ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ва баррасии наздики маҷмӯи тадбирҳои таъсирбахш баҳри рушди ҳаракати олимпӣ ба Ҷумҳурии Казоқистон даъват намуд. Ин даъват ба хушӣ қабул карда шуд.
Зимни мулоқот бо Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷопон махсусан масъалаҳои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 баррасӣ шуда, ба омодагии варзишгарони тоҷик ба ин чорабинии сатҳи баланди варзишӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд.
Қобили зикр аст, ки Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпии Токио- 2020 дар Ҷопон баргузор мешаванд ва тасмим гирифта шуд, ки баҳри омодагии варзишгарони мо ситоди корӣ таъсис дода шавад.
Дар баробари ин масъалаҳои татбиқи босифати барномаҳои ҳамбастагии олимпӣ ва зиёд кардани ин барнома дар Тоҷикистон бо Олвер Ниякей, масъули Кумитаи байналмилалии олимпӣ баррасӣ шуда, ҷиҳати густариш додани намуди зимистонаи варзиш бо ноиби Президенти Ассотсиатсияи лижаронии кӯҳии Покистон ва аз намуди шиноварӣ бо Президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ табодули андеша анҷом ёфт.

Март 1, 2017 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад