Сафири Тоҷикистон дар маросими қасамёдкунии Президенти Олмон иштирок менамояд

Март 16, 2017 11:56

ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли равон дар бинои Рейхстаги (маҷлисгоҳи парлумон) пойтахти Олмон-шаҳри Берлин маросими расмии қасамёдкунии Президенти тозаинтихоби федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер баргузор мешавад.  Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Барои иштирок дар ин маросими давлатӣ бо даъвати раисони Палатаҳои болоӣ ва поёнии Парлумони Олмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов даъват гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки 12 феврали соли равон дар ҷараёни Маҷлиси Федералӣ бо аксари овозҳо собиқ Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ба ҳайси Президенти 12-уми Олмон интихоб гардид. Франк-Валтер Штайнмайер дар мансаби Вазири корҳои хориҷии Олмон солҳои 2006 ва 2016 бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дидору гуфтугӯ дошт.

 

 

 

 

 

Март 16, 2017 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад