Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ошкор гардид

Март 15, 2017 10:59

ДУШАНБЕ, 15.03.12017 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ муайян карда шуд, ки аз 5 август то 27 декабри соли 2016 ва 6 январи соли равон аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба суроғаи ҶДММ «Билол Суюлин Семент», воқеъ дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 33-и шаҳри Конибодом дар бордони 6 воситаи нақлиёти боркаш таҷҳизоти технологии барои истеҳсоли семент ворид гардида, он дар анбори молворидкунанда барои нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир карда шудааст.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми тафтиш муайян гардид, ки пардохтҳои гумрукии таҷҳизоти технологии барои истеҳсоли семент воридгардида 42 милиону 880 ҳазору 995 сомониро ташкил додаанд, ки аз ин ҳисоб танҳо ба маблағи 32000 сомонӣ аз ҷониби ширкати мазкур пардохт карда шудааст. Дар натиҷаи саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби директори ширкати номбурда М.А. ба буҷети давлат ба маблағи 39 милиону 680 ҳазору 995 сомонӣ зарари калон расонида шудааст.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба директори ҶДММ «Билол Суюлин Семент» М.А. бо моддаи 291 қисми 1-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи шаҳри Конибодом ирсол гардид.

Март 15, 2017 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе