Шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд»
ДУШАНБЕ, 23.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» шинос шуданд.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур ҳанӯз соли 1966 дар масоҳати 7,7 гектар бунёд шуда буд ва аз он замон то имрӯз дар ин ҷо асосан маҳсулоти абрешимӣ, аз қабили матои атлас истеҳсол карда мешавад.
Ин корхона, ки дар гузашта бозори Тоҷикистон ва минтақаро бо матои хушсифати атлас таъмин мекард, як муддат, яъне то соли 2005 бо иқтидори пуррааш фаъолият надошт ва аз ҳамон сол инҷониб бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора барқарор карда шуда, дар ин ҷо истеҳсоли атласу адрас роҳандозӣ гардид.
Айни замон дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» 32 адад дастгоҳи худкори матоъбофӣ насб гардида, бо истифода аз он тавлиди атласу адрас, ки имрӯз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори минтақа бештар мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз дар корхонаи мазкур беш аз 100 нафар ҷавонон машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки аз нигоҳи сифат ва тарҳ ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.
Дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» давоми як сол бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда 60 ҳазор метри тӯлонӣ атлас истеҳсол карда мешавад ва агар басти дуюми корӣ роҳандозӣ гардад ин нишондод ба 120 ҳозор метри тӯлонӣ хоҳад расид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар сурати ба инобат гирифтани талаботи аҳолӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир метавон ҳам дар дохил ва ҳам берун аз кишвар харидорони бештарро пайдо кард. Ин омил пеш аз ҳама ба афзоиши маҳсулот мусоидат намуда, воридоти он аз хориҷи кишвар низ ба пуррагӣ аз байн хоҳад рафт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар супориш доданд, ки корхонаи мазкур ба пуррагӣ бо ашёи хом таъмин карда шавад, зеро дар ҳоли дастрасии пурра ба абрешим ҳаҷми маҳсулот зиёд гардида, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ низ таъсис меёбанд.



































Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд






