Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ: «Ҳамкориро бо аҳолии навоҳии наздисарҳадӣ пурзӯр бояд кард»

Март 2, 2017 17:12

ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Масъулони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Мубориза бар зидди маводи нашъадор аз сарҳади давлатӣ оғоз мешавад» машварат баргузор намуданд.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ, мақсади машваратро дар пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин воқифсозии онҳо бо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии интиқол ва паҳншавии маводи нашъаовар ва ҷалби аҳолии минтақаҳои сарҳадӣ ба муҳофизати сарҳади давлатӣ арзёбӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни машварат подполковник Насимҷон Раҷабов, сардори Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти мубориза бар зидди маводи нашъадор» маърӯза намуда, зикр кард, ки дар таъмини амнияти давлат танҳо бо қувваи сарҳадбонон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан душвор аст. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки кӯшишҳои худро барои мубориза ва пешгирии ҳама намудҳои қонунвайронкунӣ дар сарҳад равона карда, ҳамкории зичро ба роҳ монем.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳамкории аҳолӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ хеле заиф аст. Баръакс, дар бисёр ҳолатҳо дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор бештар сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ даст доранд ва ба қочоқчиён мусоидат мекунанд.
Ба маълумоти Насимҷон Раҷабов, дар соли 2016 зиёда аз 250 нафар вайронкунандаи сарҳади давлатӣ дастгир гардида, баъди барасмиятдарорӣ як қисми онҳо ба намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон супорида шуданд.
Дар мавзӯи «Вазъи гардиши маводи нашъадор дар ҷумҳурӣ ва минтақа: тадбирҳои пешгирии нашъамандӣ» муовини сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон подполковник Диловар Сафаров зикр кард, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон шумораи нашъамандон дар соли 2017 ба 1385 нафар расидааст ва аз ин шумора 18 нафарашон занҳо мебошанд. Ба қавли ӯ, шумораи нашъамандон нисбат ба соли гузашта 54 нафар коҳиш ёфтааст.
Мусодираи маводи мухаддир ба минтақаи Кӯлоб 1243 кг 562 г (77%) ва ба минтақаи Қӯрғонтеппа 338 кг 501 г (21%) рост меояд, — гуфтДиловар Сафаров. Аксари ин мавод дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла Панҷ (165 кг 732 г), Ҳамадонӣ (263 кг 670 г), Шамсиддини Шоҳин (604 кг 754 г), Фархор (279 кг 574 г) мусодира карда шудаанд.
Мувофиқи маълумотномаи Маркази наркологии вилояти Хатлон, шумораи беморони нашъаманд аз ҳама зиёд дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Фархор, Ёвон, Ҷ. Балхӣ ва Бохтар ба қайд гирифта шудааст.
Дар соли 2016 аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 126 нафар истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор дар қайди маркази наркологӣ гузошта шудаанд ва онҳо пайваста таҳти назорат қарор доранд, — зикр кард Д. Сафаров.
Дар асоси маълумоти Маркази бемориҳои нашъамандии вилоят, дар соли 2016-ум 4 сокини шаҳри Қӯрғонтеппа аз истеъмоли барзиёди воситаҳои нашъадор фавтиданд. Диловар Сафаров иброз дошт, ки маводи нашъаовар барои генофонд ва амнияти миллӣ хавфи калон дорад.
Мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб танҳо вазифаи сохторҳои қудратӣ набуда, балки масъулияти ҳамагон ба шумор меравад. Муборизаи дастаҷамъона метавонад сади роҳи ин омилҳо гардад.

Март 2, 2017 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд