Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи умумии рақами 14 ба номи Неъмат Бобоҷонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Март 23, 2017 10:58

23.03.2017, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Устодону омӯзгорони муҳтарам!
Фарзандони азиз!

Пеш аз ҳама, қадамҳои мубораки Наврӯзи байналмилалӣ — ҷашни эҳёи табиат ва Соли нави аҷдодиамонро ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям.

Наврӯзи оламафрӯз хонаву кошонаи мардуми моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди одамон поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуҳоро бедор месозад.

Наврӯз рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузаштаву имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррам мебошад.

Анъанаи нек аст, ки ҳамасола ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллӣ мардум манзил ва муҳити зисти худро тозаву озода намуда, бо нияти нек донаи умед кишт мекунанд, ниҳол мешинонанд, боғ бунёд мекунанд ва барои боз ҳам ободу зебо ва сабзу хуррам гаштани Ватани азизамон саъю талош меварзанд.

Боиси хушнудист, ки имрӯз мо дар доираи ин анъанаи нек ба фаъолияти боз як макони илму маърифат, яъне бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии рақами 14 дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳусни ифтитоҳ бахшидем.

Ҷамоати деҳоти Унҷӣ яке аз ҷамоатҳои калонтарини вилоят ба шумор меравад. Сокинони деҳоти Унҷӣ боз аз он ифтихор мекунанд, ки Қасри таърихии Арбоб — саодатбахши мардуми Тоҷикистон ва кохи бегазанди сулҳу ваҳдати тоҷикон дар ҳудуди он воқеъ мебошад.

Бисту панҷ сол қабл маҳз дар ҳамин макони таърихӣ сулҳу оштӣ бар ҷангу хунрезӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ бар душманӣ пирӯз гардида, Тоҷикистони азизи мо аз вартаи нобудӣ ва миллатамон аз парокандагӣ раҳо ёфт.

Аз ин лиҳоз, имсол барои тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла барои ҳар яки шумо соли мубораку таърихӣ аст. Зеро моҳи ноябри соли равон мо ҳама якҷо ин ҷашни таърихӣ, яъне бисту панҷсолагии Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил хоҳем кард.

Ҳозирини гиромӣ!

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 ба номи Неъматҷон Бобоҷонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 1927 ҳамчун мактаби ибтидоӣ ташкил гардида, соли 1940 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуда буд.

Муассиса аз чор бинои таълимӣ иборат буда, бинои якуми он, ки то имрӯз хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар он таҳсил доштанд, соли 1927 ба тариқи ҳашар сохта шуда, аз 9 синфхона иборат буд.

Деворҳои бино фарсуда гашта, имконияти таълим дар ин бино мавҷуд набуд. Аз ин рӯ, тайи солҳои охир таҳсил дар ин мактаб дар се баст роҳандозӣ мегардид.

Бинои навбунёди имрӯза сеошёна буда, дорои 18 синфхона бо 1080 ҷойи нишаст, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толор ва майдончаи варзишӣ, маркази гармидиҳӣ ва ошхона мебошад.

Барои бунёди муассиса ва бо таҷҳизоти таълимӣ, аз ҷумла мизу курсӣ таъмин намудани он 8,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Бо истифода аз фурсат, ба кулли сохтмончиён ва ба онҳое, ки дар бунёди ин муассисаи таълимии муосир саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Дар баробари ин, мехоҳам як нуктаро таъкид намоям, ки то ҳанӯз масъалаи таъмини хонандагон бо ҷои нишаст дар мактабҳои ҳудуди деҳоти Унҷӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Алҳол теъдоди кӯдакону наврасони синни мактабӣ дар деҳоти он ба 10 ҳазор нафар расида, танҳо 5000 нафари онҳо бо ҷойи нишасти таълимӣ таъмин мебошанд.

Аз ин рӯ, вақтҳои наздиктарин бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёди боз як мактаби замонавӣ барои 1000 ҷойи нишаст ва бинои Раёсати маорифи вилоят оғоз гардида, дар муҳлатҳои наздиктарин ба истифода дода хоҳанд шуд.

Дар баробари ин, ба роҳбарияти вилоят ва ноҳия зарур аст, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои дохилӣ, аз ҷумла тавассути ҷалби соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд доир ба бунёди биноҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, инчунин, сохтмони кӯдакистони замонавӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Айни замон дар қаламрави ноҳия 129 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 4500 нафар омӯзгорон, аз ҷумла зиёда аз 3500 нафар занҳо бо таълиму тарбияи 66 ҳазор нафар хонандагон машғул мебошанд.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия ба маблағи умумии қариб 50 миллион сомонӣ 26 муассисаи нави таълимӣ, биноҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 7600 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд.

Қобили зикр аст, ки омӯзгорони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сатҳи вилоят ва мамлакат бо тарбияи кадрҳои донишманду лаёқатманд ва соҳибтаҷриба шуҳрат дошта, шогирдони тарбиякардаи онҳо ҳоло дар рушди соҳаҳои мухталифи кишварамон саҳми шоиста мегузоранд.

Бовар дорам, ки омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимии ноҳия минбаъд низ таҷриба ва малакаи хешро таҳкиму тақвият бахшида, дар тарбияи наслҳои ояндасози халқамон саҳми арзандаву ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Бо дарназардошти он, ки рушди соҳаи илму маориф аз ҷумлаи самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат мебошад, Ҳукумати мамлакат маблағгузории онро мунтазам афзоиш медиҳад.

Масалан, маблағгузории соҳаи маорифи вилояти Суғд соли 2016 ба 666 миллион сомонӣ расонида шуд.

Тавре ки аз таҳлили вазъи соҳаи маорифи вилоят бармеояд, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.

Масалан, соли хониши гузашта дар вилоят масъалаи бо таҳсилоти миёна фаъолият кардани омӯзгорон пурра бартараф карда шудааст.

Ҳамчунин, мусаллам аст, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таълими омӯзгорон дастгирӣ ва ҳавасмандии моддии онҳо мебошад.

Бо мақсади қадрдонии заҳмати омӯзгорон ва шогирдони онҳо, ки дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мукофоти яквақтаи пулӣ ба маблағи аз 3 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ таъсис дода шудааст.

Чунин дастгириҳо ба он мусоидат кардаанд, ки иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ва натиҷаҳои донишу малакаи онҳо мунтазам беҳтар шуда истодаанд.

Соли 2016 дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 71 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба дарёфти ҷойҳои фахрӣ мушарраф гардида, 43 нафар хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати мамлакат дар назди муассисаҳои таълимии вилоят зиёда аз 1000 маҳфили сӯзанидӯзиву қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва 655 маҳфили рӯзгордорӣ амал менамояд.

Дар баробари ин, ҳоло дар соҳаи маорифи вилоят як қатор мушкилоту камбудиҳо мавҷуданд, ки ҳалли саривақтии онҳо ба пешрафти минбаъдаи соҳа мусоидат мекунад.

Аз ҷумла, то ҳанӯз масъалаи таъминот бо китобҳои дарсӣ пурра ҳаллу фасл нашудааст.

Инчунин, бо сабаби торафт зиёд гардидани шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимии вилоят нарасидани ҷойи нишаст ба проблемаи ҷиддӣ табдил ёфтааст.

Яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти зикршуда ҷалби имкониятҳои соҳибкорон ва бунёди муассисаҳои таълимии хусусӣ мебошад.

Қобили таҳсину дастгирист, ки ҳоло 35 нафар соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят мактабу кӯдакистонҳои хусусӣ бунёд намоянд.

Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода мешавад, ки доир ба сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, биноҳо ва синфхонаҳои иловагӣ, инчунин, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои соҳибкорон чораҳои амалӣ андешанд.

Чунонки огоҳед, 22 декабри соли 2016 дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017–ум Соли ҷавонон эълон гардид.

Ҳадафи иқдоми зикршуда, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоиди рушди имкониятҳои зеҳнӣ барои наврасону ҷавонони саодатманди даврони истиқлолият дар ҷодаи амалӣ шудани орзуву ниятҳои неки онҳо мебошад.

Вобаста ба ин, ба шумо, фарзандони азиз, бори дигар таъкид месозам, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки шумо илму дониш омӯхтан, аз худ кардани технологияҳои муосири иттилоотӣ, касбу ҳунарҳои замонавӣ, дар сатҳи аъло донистани забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ, яъне ҳамчун насли соҳибмаърифату донишманд ба камол расидан ва барои фардои дурахшони Ватани маҳбубамон манфиат овардан аст.

Ба падару модарони муҳтарам ва устодону омӯзгорон муроҷиат карда, хотирнишон карданиам, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон, риояи талаботи Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ва хусусан, пешгирӣ кардани таъсири ҳар гуна ақидаву андешаҳои бегона ба зеҳну шуури ҷавонон ва пайвастани онҳо ба ҳаракату равияҳои ифротгарову террористӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи фардҳои ояндасоз ва парчамбардорону идомадиҳандагони иқдомҳои неки падарону бобоён аз мо насли калонсоли имрӯза вобаста мебошад.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо ва кулли сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ифтихори фарорасии ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба кулли сокинони сарбаланди ноҳия саломативу саодатмандӣ, рӯзгори хушу осуда ва ба омӯзгорону хонандагони ин боргоҳи маърифат комёбиҳои тоза ва хониши хубу аъло орзу менамоям.

Доимо сарбаланду комёб бошед!

Март 23, 2017 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард