Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони шаҳри Исфара

Март 24, 2017 10:23

24.03.2017, шаҳри Исфара

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дӯстони азиз!

Фарорасии фасли зебои баҳор ва Наврӯзи ҷаҳониро, ки имсол аз баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошу ибтикороти кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ҳафтумин соли ҷаҳонишавии он таҷлил мегардад, ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони сарбаланду ватандӯсти шаҳри бостонии Исфараро табрик мегӯям.

Орзуманди он ҳастам, ки ин баҳор ва ҷашни Наврӯзи оламафрӯз имсолу солиёни дигар ба сарзамини муқаддаси мо рӯзҳои офтобиву гулрез ва нишоти ҳамешагӣ, ободкориҳои тоза ва баракату фаровониро чун ҳадяи беҳтарини идона армуғон оварад.

Шиносоии имрӯза бо вазъи соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастоварду пешравиҳои мардуми заҳматписанди вилоят, аз ҷумла шаҳри Исфара шаҳодат медиҳад, ки хурду бузурги кишвари соҳибистиқлоламон аз сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди рӯзафзуни он самимона пуштибонӣ мекунанд.

Аз ин лиҳоз, ба кулли сокинони заҳматқарини вилоят, аз ҷумла шаҳри Исфара ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, барои ҷидду ҷаҳд ва амалҳои созанда дар роҳи ободии Ватани маҳбубамон, инчунин, пазироии самимонаи Роҳбари давлат, ки ифодагари эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар мебошад, изҳори сипос менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Исфара яке аз шаҳрҳои асосии саноативу кишоварзии мамлакат ва гӯшаи зебоманзараи Тоҷикистони азизамон буда, бо деҳқонони асил ва мардуми заҳматдӯст, инчунин, боду ҳавои хушу гуворо, боғҳои шаҳдрез ва меъмории ба худ хосаш шуҳрат дорад.

Ҳамчунин, Исфара яке аз шаҳрҳои калонтарини кишвари мо буда, бо донишмандону олимон, шоирону нависандагон, табибон ва хунёгарони машҳури худ Сайфи Исфарангӣ, Мушриф ва Беҳҷати Исфарангӣ, Зебопарӣ ва Умар Ҳофиз, Лутфулло Бузургзода ва дигарон дар ҳақиқат шуҳратёр мебошад.

Соли 2016 бо супориши Роҳбари давлат 830 — солагии шоири классики тоҷик Сайфи Исфарангӣ таҷлил гардид ва ин чорабинии адабӣ аз ҷониби мардуми маърифатпарвару фарҳангдӯсти шаҳри Исфара дар сатҳи баланд доир карда шуд.

Сайфи Исфарангӣ, ки дар хонадони яке аз шахсиятҳои маъруфи замони хеш ба дунё омада, таълиму тадрис гирифтааст, аз ҷумлаи шоирони маъруфи асрҳои 12-13 буда, солҳои 1185-1267 мелодӣ дар Исфара умр ба сар бурдааст.

Сайфи Исфарангӣ дар назм ва тибқи баъзе сарчашмаҳо дар наср низ асарҳо эҷод кардааст, вале аз осори насрии ӯ то рӯзҳои мо намунае боқӣ намондааст.

Муаллифони тазкираҳо танҳо аз девони шоир ёдовар шудаанд, ки мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо дар замони зиндагии шоир мураттаб гардидааст.

Аз тадқиқоти олимон маълум мегардад, ки мероси ӯ қимати баланди бадеӣ ва инсондӯстӣ дорад.

Яке аз муҳаққиқони маъруфи рус Хаников дар нимаи дуюми асри 19 мероси пурбаҳои шоирро ба Россия интиқол додааст ва имрӯз 12 ҳазор байти шоир дар осорхонаи давлатии Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербург маҳфуз мебошад.

Эҷодиёти шоир пурғановат ва дорои мазмуни баланди иҷтимоиву фалсафӣ буда, дар онҳо тасвири муҳаббат, нишоту хурсандӣ, базму сурур, сафову таровати баҳор ва паҳлуҳои дигари зиндагӣ васф шудаанд, ки Сайфи Исфарангиро дар таърихи адабиёт соҳибмақом ва номи ӯро мондагор гардонидаанд.

Шоир дар офаридаҳояш хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ба монанди накӯкорӣ, адлу инсоф, хирадмандӣ ва фазлу идрокро бо маҳорати баланд тарғиб намудаааст.

То имрӯз аз ҷониби чанд нафар олимону муҳаққиқони тоҷик доир ба омӯзиши ашъори Сайфи Исфарангӣ корҳои илмӣ анҷом дода шудаанд, вале, ба андешаи ман, ин ҳоло нокифоя аст.

Аз ин рӯ, ба Академияи илмҳо ва олимону таҳқиқгарони кишвар зарур аст, ки доир ба омӯзиши ҳарчи амиқтари мероси гаронбаҳои ин шоири классики тоҷик чораҷӯӣ намоянд.

Бо супориши Роҳбари давлат ҳоло девони шоири шаҳир Сайфи Исфарангӣ бо сифати баланд нашр гардидааст ва имрӯз мо 500 нусхаи онро ҳамчун рамзи эҳтиром ба мардуми адабиётдӯсти Исфараи бостонӣ армуғон овардем.

Бовар дорам, ки мероси ин шоири маъруф дар тарбияи маънавии мардум, ҳидояти насли ҷавон ба роҳи рост ва омӯзиши мероси ниёгонамон хизмати арзишманд хоҳад кард ва боғи фарҳангу фароғате, ки имрӯз ифтитоҳ гардид, ба макони дӯстдоштаи сокинони ин шаҳри қадимаи тоҷикон ва меҳмонони он табдил хоҳад ёфт.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ мардуми ватандӯсти шаҳри Исфара ба шарофати заҳмати софдилона дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Сокинони шаҳр маҳз аз баракати истиқлолият ва оромиву сулҳу субот имкон пайдо карданд, ки рушди босуботи соҳаҳои мухталифро таъмин карда, дар ин замина ба ободонии диёр, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ муваффақ гарданд.

Бояд гуфт, ки ҳалли муҳимтарин масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осудаи мардум дар мадди назари доимии Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Хусусан, таъмини иҷрои Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017 ба пешрафти минбаъдаи соҳаҳои мухталиф ва хеле беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум такони ҷиддӣ бахшид.

Ёдовар мешавам, ки ба барномаи мазкур 338 лоиҳа ба маблағи умумии қариб якуним миллиард сомонӣ ворид шудааст.

Соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Исфара татбиқи 24 лоиҳа роҳандозӣ гардида, дар натиҷа 32 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 19 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Исфара яке аз шаҳрҳои асосии саноатии Тоҷикистон буда, корхонаҳои он дорои имконияту иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ дар соҳаи комплекси сӯзишвориву энергетикӣ, кимиё, коркарди маъдан, электротехника, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд.

Бинобар ин, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара, воридоти таҷҳизоти муосири технологӣ, ҷорӣ намудани самтҳои нави истеҳсолот, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, пеш аз ҳама, маҳсулоти содиротӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолият мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Исфара бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ илова ба 17 корхонаи саноатии мавҷуда 37 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда шудаанд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, саноати хӯроквориву сабук ва масолеҳи сохтмон фаъолият мекунанд.

Танҳо соли 2016–ум 9 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ки ба банду басти меваи хушк ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон машғуланд, ба фаъолият шурӯъ кардаанд.

Айни замон дар корхонаҳои коркарди меваи хушки шаҳр 20-25 намуди маҳсулот мутобиқ ба меъёрҳои муосир коркард ва бо истифода аз технологияҳои нав банду баст гардида, ба давлатҳои гуногуни хориҷӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Исфара дар зарфи 10 соли охир қариб ба 237 миллион сомонӣ расида, беш аз 6 баробар афзудааст.

Бояд таъкид намуд, ки пайваста афзоиш ёфтани саҳми бахши хусусӣ, яъне соҳибкорӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ самара ва натиҷаи нек дода истодааст.

Ҳамдиёрони азиз!

Мо имрӯз ба фаъолияти корхонаи «Баракат-Исфара», ки аз тарафи соҳибкорони Тоҷикистону Россия таъсис ёфтааст, оғоз бахшидем, ки бунёди он соли 2016 бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонидани он оғоз ёфта буд.

Ҳамзамон бо ин, бунёди якчанд сардхона барои нигоҳдории меваи хушки нимтайёр ва маҳсулоти тару тоза бо ғунҷоиши 700 тонна ба итмом расонида шудааст.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз 4 тонна буда, баробари пурра фаъолият кардани коргоҳ имконият пайдо мегардад, ки шумораи кормандони доимӣ ба 170 нафар зиёд гардида, дар фаслҳои тобистону тирамоҳ то 250 нафар мардуми маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда шаванд.

Роҳбарони корхона тасмим гирифтаанд, ки музди миёнаи меҳнати коргаронро то ба 2000 сомонӣ баланд бардоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба соҳибкорони ватандӯсту ҳимматбаланд, ки ҳамкории судмандро бо корхонаҳои хориҷи кишвар вусъат бахшида, садҳо нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи доимии кор ва маоши баланд таъмин карда истодаанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Мавриди зикр аст, ки коргоҳи мазкур дар кишвар ягона буда, маҳсулоти он ба давлатҳои хориҷаи дур содирот карда мешавад.

Ҳамзамон бо ин, ҳоло дар шаҳри Исфара сохтмони коргоҳу корхонаҳои пойафзолдӯзӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди гармхонаи муосир бо технологияи голландӣ, меҳмонхонаҳои ҳозиразамон ва коргоҳҳои хизматрасонӣ бо сармояи шахсӣ роҳандозӣ шуда истодааст, ки боиси дастгирӣ мебошад.

Шаҳри Исфара дар ҷодаи боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ соҳибмактаб ва шӯҳратёр буда, таҷрибаву малакаи ғании деҳқонон дар бобати парвариши зироатҳо мавриди омӯзиши кишоварзони шаҳру навоҳии дигари мамлакат қарор дорад.

Ҳоло дар қаламрави Исфара боғҳои беҳтарини зардолу мавҷуданд ва тибқи маълумоти мутахассисон дар ҳудуди шаҳру деҳоти ин мавзеи биҳиштосо қариб 70 навъи зардолу парвариш карда мешавад.

Боғпарварони шаҳри Исфара дар солҳои соҳибистиқлолӣ майдони боғҳои зардолуро ба зиёда аз 11 ҳазор гектар расонида, ҳамасола даҳҳо ҳазор тонна зардолуи шаҳдрез ҷамъоварӣ мекунанд.

Дар ҳудуди деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ҳар ҳафта бозори минтақавии зардолуи хушк ва меваҷоти дигар баргузор мегардад, ки дар он соҳибкорон аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ҳатто Федератсияи Русия иштирок мекунанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Рӯзи 22 декабри соли 2016 дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шуд.

Ин иқдом аз ҷониби кулли мардум, бахусус ҷавонони кишвар хеле хуб пазируфта шуда, дар ин самт аллакай як қатор чорабиниҳои судманд амалӣ шуда истодаанд.

Дар ин раванд вазифаи мо, насли калонсол, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки наврасону ҷавононро аз вазъи пурмоҷарову пуртазоди ҷаҳон дуруст хабардор намоем ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем.

Дар чунин шароит ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҷонӣ, қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус, аз ҷумла ҷавонони саодатманди замони истиқлолият мебошад.

Хотирнишон месозам, ки мардуми шарифи шаҳри Исфара ҳамеша ватандӯсту ватанхоҳ ва илмдӯсту адабпарвар буданд, хурофоту ифротгароиро қатъиян қабул надоштанд, яъне ҷонибдору тарғибгари зиндагии дунявӣ ҳастанд.

Бовар дорам, ки сокинони шаҳри бостонии Исфара ин хислатҳои некро минбаъд низ густариш бахшида, ҷавононро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, садоқат ба давлату миллат ва заҳмати созанда тарбия мекунанд.

Ҳамчунин, бо итминони комил изҳор менамоям, ки мардуми шарафманди шаҳру деҳоти Исфара минбаъд низ ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон, таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ ва дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат азму талош ва ҷидду ҷаҳди бештар ба харҷ медиҳанд.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Соли нави аҷдодиамон-Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини шаҳри бостонии Исфара файзу баракати наврӯзӣ ва хушҳоливу хушбахтӣ орзу менамоям.

Доимо саодатманду сарбаланд ва пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!

Март 24, 2017 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард