Сумангул Тағойзода бо Пратиба Мета масъалаҳои муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбиро баррасӣ намуданд

Март 17, 2017 10:08

ДУШАНБЕ, 17.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 16 марти соли равон Сумангул Тағойзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратиба Мета масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти вазорат, аз ҷумла, муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо бо мақсади таҳким ва рушди ҳамкории минбаъда масъалаҳои таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи барномаҳои вобаста ба паст намудани шуғли ғайрирасмӣ, бақайдгирии электронии шартномаҳои коллективию меҳнатӣ ва омўзиши бозорҳои меҳнати дигар давлатҳоро муҳокима намуданд.

Март 17, 2017 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд