Тадбирҳои саривақтии Бонки миллии Тоҷикистон барои пешгирии афзоиши хавфҳо
ДУШАНБЕ, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва омилҳои он ба иқтисодиёти кишвар бетаъсир намонда, ба пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, раванди иҷрои уҳдадориҳои ин ташкилотҳо дар назди амонатгузорону қарздеҳон, рафти иҷрои талаботи меъёрҳои муқарраршудаи Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ асар кард.
Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии афзоиши хавфҳо ба манфиатҳои амонатгузорону қарздеҳон ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои онҳо тасмими саривақтӣ гирифт ва тибқи қонунгузорӣ иҷозатномаҳои ҶСП «БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» ва ҶСК «Фононбонк» бозхонд карда шуданд. Дар хусуси барҳамдиҳии бонкҳои мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба суд ариза пешниҳод карда шуд.
Аз ҷониби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҳалнома оид ба оғози мурофиаи барҳамдиҳии ҶСП «БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» ва ҶСК «Фононбонк» ва таъйини мудири махсус дар онҳо қабул карда шуд.
Мудири махсуси аз ҷониби суд таъйиншуда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо мақсади қонеъ кардани талаботи амонатгузорону қарздеҳон аз ҳисоби дороиҳо ва ҳамаи молу мулки ин бонкҳо, аз ҷумла баргардонидани қарзҳо ва гаравҳои онҳо фаъолияти худро ба роҳ мемонад.
Талаботи пасандоздорони шахсони воқеӣ то 17 ҳазору 500 сомонӣ бе монеа аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, маблағҳои боқимондаи пасандоздорон аз ҳисоби дороиҳо ва моликияти бонкҳои номбурда пардохт карда мешавад.
Бояд гуфт, ки талаботи пасандоздорон бартарият дошта, тибқи қонунгузорӣ қабл аз пардохтҳои андозӣ ва дигар талаботи қарздеҳон қонеъ карда мешавад. Боиси тазаккур аст, ки аз лаҳзаи оғози барҳамдиҳии бонкҳо муҳлати пардохти ҳамаи уҳдадориҳои қарзии бонкҳо фарорасида ҳисоб мешавад ва ҳисоб кардани ҳамаи ноустуворона (пеня) ва фоизи уҳдадориҳои қарзии бонкҳои мазкур қатъ мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






