Тарма дар шаҳри Хоруғ шаш хонаро тахриб кард, аммо, хушбахтона, ба одамон осеб нарасонд

Март 28, 2017 16:30

ХОРУҒ, 28.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз боришоти шадиди чандсоата дар маҳаллаи Бизмичи шаҳри Хоруғ ду тармаи калонҳаҷм фуромаданд ва шаш хонаи истиқоматӣ ва ду сарои мошинро  хароб карданд. Муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шуҳрат Шоисматов гуфт, ки ин тарма соати 12-и шаб ба тарафи маҳалла сарозер шуд ва азбаски соҳибони хона қаблан ба макони амн кӯч баста буданд, ягон ҳодисаи нохуш ба бор наовард. Ҳоло бо супориши раиси вилоят Шодихон Ҷамшед комиссияи махсус таъсис дода шуд. Ин комиссия хисороти офати табииро муайян мекунад ва ба зарардидагон кумаки фаврӣ расонда мешавад.

Роҳи мошингарди Хоруғ – Мурғоб — Қулма, ки ду рӯз пеш боз шуд, ба иллати резиши тармаву барф боз дубора баста шуд. Ба гуфтаи кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода, роҳи мошингарди байни ноҳияи Ишкошим ва шаҳри Хоруғ низ дар паи фуромадани тарма аз як ҳафта ба ин сӯ баста ҳаст. Фосилаи байни тармаҳо хеле васеъ аст ва аз ин рӯ интиқоли техникаву механизмҳои роҳсозӣ муҳлати зиёдро талаб мекунад. Аммо сарфи назар аз ин, роҳсозон шабу рӯз кор мекунанд, то ҳарчӣ зудтар роҳи мошингардро ба рӯи ронандагону мусофирон боз stop-alcoholism-meds.com.

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ВМКБ аз тариқи воситаҳои ахбори маҳаллӣ аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки то муътадил гардидани вазъи ҳаво аз сафар кардан ба ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб худдорӣ варзанд.

Март 28, 2017 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст