Ташрифи доираҳои тиҷоратию соҳибкории шаҳри Ростови соҳили Дон ба Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 28.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳамкориии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Россия беш аз пеш таҳким меёбад. Далели ин ташрифи доираҳои тиҷоратию соҳибкорони Ростови соҳили Дон ва шаҳри Новочеркескийи вилояти Ростови Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Интизор меравад, ки доираҳои тиҷоратии Россия ва Тоҷикистон имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, роҳҳои тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии ду кишварро баррасӣ намоянд.
Назар ба иттилои котиби матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Мукаммал Одиназода, дар мулоқот доираҳои соҳибкорон масоили марбут ба рушди соҳибкорӣ, саноат, логистика, нақлиёт, кишоварзиро баррасӣ менамоянд. Интизор меравад, ки доираҳои тиҷоратию соҳибкорони шаҳри Ростови лаби Дон ва шаҳри Новочеркескийи вилояти Ростови Россия ҳамзамон бо таҷрибаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, корхонаҳои саноатӣ ва бахши кишоварзии Тоҷикистон шинос гардида, дурнамои роҳҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, бахусус дар самти содирот ва воридоти молу маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба Тоҷикистону Россияро муҳокима намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






