Таъсиси коргоҳи бофандагӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Ш. ШОҲИН, 11.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон коргоҳи хурди атласу адрасбофй ба фаъолият оғоз кард. Дар ин ҷо духтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд ва бо мақсади эҳёи ин ҳунарҳо 20 нафар духтарон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Онҳо тавассути филиали Муассисаи давлатии Маркази таълимии калонсолон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ҳисоби «Барномаи мусоидат ба шугли аҳолӣ» ба омӯзиш фаро гирифта шуда, барои таҷрибаомӯзӣ ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд сафарбар гардида буданд.
Бо мақсади дар маҳалҳо омӯзонидани ин касб бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ду нафар мутахассисони соҳибтаҷриба аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Навгилем» ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин омада, давоми як моҳ касби бофандагиро ба духтарон омӯзонданд.
Тавре Миҷгона Ҷалилова, мутахассис аз шаҳри Исфара иттилоъ дод, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон аст, ки дар ин ҷо ҳунарҳои мардумй аз байн нарафтаву балки рушд мекунанд. Аз ҷумла, ҳунарҳои чакану кашидадӯзӣ, зардӯзию заргарӣ, сабадбофию кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳои халқиро бонувон ривоҷ медиҳанд. Инак бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат қолинбофию атласу адрасбофиро ба роҳ мондаанд, ки ба ин васила ҳам ҳунарҳои мардумӣ эҳё мегарданду ҳам занҳои хонанишин соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






