Таъсиси Шӯрои кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд
ХУҶАНД, 03.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри таҳким ва ҷоннок намудани фаъолияти кор бо ҷавонон ва дар ин замина ташкили маҳфилу суҳбатҳо дар маҳалҳо ва ҳамчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, ифтихор аз истиқлолияти давлатӣ дар 22 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд Шӯрои кор бо ҷавонон таъсис дода мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Муҳаммадӣ хабар дод, ин иқдом тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бахшида ба Соли ҷавонон ва ҳамзамон иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст.
Минбаъд тибқи қарори мазкур Шӯрои кор бо ҷавонони маҳаллаҳо ҳамчун зерсохтори шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар мувофиқа бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ба роҳ монда, дар татбики сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳаллаҳо масъулияти асосиро бар дӯш хоҳад дошт.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






