Тоҷикистон — ташаббускори ҳалли масоили об

Март 15, 2017 17:15

ДУШАНБЕ, 15.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дастури таълимӣ бо номи «Тоҷикистон — ташаббускори ҳалли масоили об» рӯи чоп омад, ки мураттибони он Асомуддин Қаландаров, дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ ва Фаридулло Убайдуллоев, устоди кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошанд.

Дастур суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масоили об, ки аз минбари созмонҳо ва симпозиумҳои муҳим ироа гардидаанд, дар бар мегирад.

Чун кишвари мо ташаббускори «Даҳсолаи об барои рушди устувор», 2018-2028 маҳсуб мешавад, омӯзиши маводи мазкур имконият медиҳад, ки донишҷӯён дар раванди таълими фанҳои тадрисшаванда ба ташаббусҳою иқдомҳои наҷибонаи Сарвари давлат доир ба масъалаҳои ҳалталаби об чӣ дар сатҳи минтақавию чӣ дар сатҳи байналмилалӣ шинос шаванд ва роҳу усулҳои ҳифз ва механизмҳои иқтисодии истифодаи самараноки захираҳои обиро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ пайгирӣ намоянд.

Ҳамзамон маводи мазкур ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури экологию иқтисодӣ ва баланд бардоштани малакаю маҳорати амалии донишҷӯён саҳми назаррас мегузорад, ки он яке аз шартҳои асосӣ дар раванди тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодӣ мебошад.

Дастури мазкур рӯзмарра буда, барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ, амалӣ ва корҳои мустақилона на танҳо барои донишҷӯёни равияи иқтисодӣ, балки барои дигар ихтисосҳо низ муфид аст. Истифодаи омори дуруст оид ба масъалаҳои об аз маводи мазкур сарчашма мегирад.

Март 15, 2017 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд