У. Усмонзода: «Сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар аз самараноку оқилона идора ва истифода кардани захираҳои обӣ вобаста аст»
ДУШАНБЕ, 16.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гаштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028», бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об, ки ҳамасола 22 март ҷашн гирифта мешавад, инчунин Соли ҷавонон дар меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Об барои рушди устувор» Конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор намуд.
Дар конфронс иштирокчиён сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва равандҳои глобалии об, ҳолат ва дурнамои рушди соҳаи об, нақши илм ва ҷавонон дар рушди соҳаи об, иштироки шарикони рушд дар татбиқи ислоҳот ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.
Усмоналӣ Усмонзода, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа зикр кард, ки «ҷашн гирифтани Рӯзи ҷаҳонии об- 22 март шояд ба он асоснок гардида бошад, ки об яке аз омилҳои асосии мавҷудияти олам ба ҳисоб меравад. Ба ин неъмат ва сарвати бебаҳо дар кишвари мо низ арҷ мегузоранд. Рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар аз самараноку оқилона идора, истифода ва ҳифз намудани захираҳои обӣ вобастагӣ дорад. Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист на танҳо ба ҳалли мушкилоти аҳолии кишвар, балки ба ҳалли ин масъалаи муҳим дар минтақа ва сайёра тавасути идораи босуботи захираҳои обӣ эътибори хоса медиҳад».
Зикр гардид, ки «аз рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилоти обӣ дар сайёра зиёд намуданд. Афзоиши аҳолӣ дар сайёра ва дар ин замина норасоии оби ошомиданӣ, биёбоншавӣ, халалёбии суботи экологӣ ва ба миён омадани низоъҳои сиёсӣ вобаста ба истифодаи захираҳои оби фаромарзӣ ва даҳҳо мушкилоти рӯзмарраи дигаре ҳастанд, ки ҳалли онҳо фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли башарро тақозо менамояд»,-зикр намуд У.Усмонзода.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид






