Вохӯрӣ бо занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ оид ба баробарҳуқуқӣ

Март 30, 2017 17:08

 РӮДАКӢ, 30.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази  ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки   Қаноат Иброҳимова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон», Сабоҳат Маҳмадалиева,  сармутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, Саидаҳмад Қаландаров, коршиноси масъалаҳои ихтилофи мазҳабӣ, Миҷгона Ҳайдарова, мудири шуъбаи кор бо занони ноҳияи Рӯдакӣ  ва занони фаъоли ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба масъалаҳои  баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеа, саҳми занон дар таълиму тарбияи насли наврас ва  тарбияи наслҳои ояндасози миллат дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон ва тақлиди занону духтарон ба фарҳанги бегона  вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора аз шуъбаи  кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад масъулин роҷеъ ба нақши занон дар ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои онҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти дастгирии занон , омилҳои даст задани занону  ҷавонон ба ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгирии амалҳои номатлуб дар байни  ҷавонону занон сухан гуфтанд.

Март 30, 2017 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик