Захираи саривақтии ангишт кафолати гармидиҳӣ дар пойтахт ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ аст
ДУШАНБЕ, 15.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи дирӯз дар назди муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ бо масъулини Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ ва соҳаи истихроҷу интиқол, нигоҳдорию истифодабарии ангишт баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа муовини Сарвазир таъкид намуд, ки тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зимистони соли 2017-2018 ба шабакаҳои гармидиҳии мавҷуда пайвастшавии зиёда аз 1500 адад биноҳои баландошёна ба нақша гирифта шудааст.
Мутобиқи ҳисобҳои пешакӣ талаботи воқеии иқтисоди кишвар бо шумули корхонаҳои саноатӣ, аҳолӣ ва Марказҳои барқу гармидиҳӣ ба ангишт дар соли 2017 зиёда аз 1,8 млн. тоннаро ташкил мекунад.
Мутаасифона иҷрои Нақшаи интиқоли ангишт барои моҳи марти соли ҷорӣ, ки 59 ҳазор тонна мебошад, комилан ба талабот ҷавобгӯй нест ва масъулини соҳа вазифадор мебошанд, ки дар кутоҳтарин муҳлат ҷиҳати тағйир додани ҳолат чораҳои тахассуси андешанд. Ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ШСХК «Барқи Тоҷик» супориши қатъӣ дода шуд, ки нақшаи интиқоли ангиштро тавассути вобаста кардани мошинҳо ба конҳо дар муҳлати пешбинишуда таъмин намоянд, зеро вақт интизор намешавад.
Мутобиқи маълумоти Вазири саноат ва технологияҳои нав, айни замон аз ҷониби субъектҳои соҳа 201 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор тонна зиёд мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки истихроҷи ангиштро дар ҳаҷми пешбинишуда саривақт таъмин менамоянд.
Муовини Сарвазир бори дигар ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ хотиррасон намуд, ки субъектҳои соҳа бояд истихроҷи ангиштро дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда ба роҳ монанд, илова бар ин вақти он расидааст, ки онҳо тарзи саноатии истихроҷи ангиштро марҳила ба марҳила роҳандозӣ намоянд, зеро бо чунин тарз истихроҷ намудани ангишт, дар ниҳоят метавонад, оқибатҳои рафънопазир дошта бошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






