Зинатулло Исмоилзода: «Бояд кормандони ВАО ба бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шаванд»
ДУШАНБЕ, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Матбуоти даврӣ ва проблемаҳои замони муосир»- таҳти чунин унвон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, директори муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода доир ба масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзии муттахассисон- омили пешравии ВАО зикр намуд, ки такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи ВАО яке аз масъалаҳои мубрам ва муҳими фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.
«Таҷриба нишон медиҳад, ки калонтарин ширкатҳои телевизиониву радиоӣ ва рӯзномаҳои бонуфузи дунё, пеш аз ҳама, ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандонашон аҳамияти хосса медиҳанд. Ин боиси он мегардад, ки ҳунару истеъдоди рӯзноманигорон пайваста сайқал ёфта, маҳорати касбияшон боло равад. Такмили ихтисос ва бозомӯзӣ имконият фароҳам меорад, ки талаботи воситаҳои ахбори омма омӯхта шавад»,- гуфт Зинатулло Исмоилзода.
Ба гуфтаи номбурда, омӯзиши талаботи ВАО ба тарбия ва такмили ихтисос имконияти онро фароҳам меорад, ки манбаъҳои маълумотӣ дар бораи ВАО ба вуҷуд оянд. Дар ин замина, доир намудани машғулиятҳои омӯзишии ҳархела натиҷаҳои аввалинро ба бор меоранд, ки боиси боло рафтани сатҳу сифати шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва мундариҷаи нашрияҳои кишвар мегарданд. «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои журналистӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар хеле зиёд аст. «Барномаи омода намудани кадрҳои журналистӣ барои солҳои 2007- 2017» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 қабул гардид, ки тибқи барномаи мазкур ҳамаи факултаҳои журналистика ва муассисаҳои дигар барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи журналистика масъул буданд.
Пас аз гузашти солҳо маълум шуд, ки ба масъалаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи ВАО бояд ниҳоди муайяне машғул шавад. Дар паи омӯзишҳо собит шуд, ки дар бисёре аз воситаҳои ахбори омма ба масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намешавад»,- зикр кард директори Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон.
Дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба аз зарурати таъсиси муассисаи давлатие, ки ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи ВАО машғул гардад, ишора намуданд. Дар ҳамин асос бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 январи соли 2014 Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид ва он 1 марти соли 2016 бо ҳузури Пешвои миллат дар баробари ду муассисаи нави давлатӣ- телевизиони «Варзиш» ва «Синамо» ба фаъолияти расмӣ оғоз намуд. Дар маросими ифтитоҳи Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлаи иброз доштанд, ки таъсиси Академияи воситаҳои ахбори омма тадбири зарурӣ буда, чунин ниҳоди илмиву тадқиқотӣ воситаи асосии таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисоси касбӣ ба шумор меравад. Аз ин хотир Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳа машғул гардид.
Ба иттилои Зинатулло Исмоилзода, аввалин коре, ки Академияи воситаҳои ахбори омма анҷом дод, ин тартиб додани пурсишнома ва тақсими он дар байни роҳбарон ва муассисони ВАО мебошад. «Пурсишномаи мазкур собит намуд, ки дар баъзе аз васитаҳои ахбори омма ба масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намешавад. Дар аксарияти ВАО 10 сол аст, кормандон умуман ба ягон намуд бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта нашудаанд. Ҳол он ки дар соҳа ҳар лаҳзаву ҳар соат навигариҳои нав ба вуҷуд меоянд. Аз ин хотир Академияи воситаҳои ахбори омма таҳти шиори «омӯзиш барои рушд» фаъолият мекунад. Курсҳои такмили ихтисос аз рӯи соҳаи фаъолият: радио, телевизион, матбуот ва агентиҳои иттилоотӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 14 машғулияти омӯзишӣ доир карда шуд ва ба 120 нафар шаҳодатномаи хатми муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид»,- илова намуд З. Исмоилзода.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






