Академияи ВАО-и Тоҷикистон барои роҳбарони шабакаҳои телевизионии давлативу мустақил машғулияти омӯзишӣ доир мекунад

Апрель 7, 2017 17:19

ДУШАНБЕ, 07.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  омӯзиши равандҳои муосири мудирияти шабакаҳои телевизионӣ, ҷолибсозии муҳтавои барномаҳо, ҷалби  реклама ва муайян кардани стратегияи бомуваффақи фаъолияти телевизионӣ, ки феълан дар Тоҷикистон дар ҳоли ташаккул қарор дорад, Муассисаи давлатии  «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» рӯзҳои  7 ва 8 апрел барои роҳбарони шабакаҳои телевизионии давлативу мустақил машғулияти омӯзишӣ доир мекунад.

Тӯли ду рӯз тренер аз Федератсияи Россия, муовини декани факултаи коммуникатсия, медиа ва дизайни Мактаби олии иқтисодии Федератсияи Россия  Татяна Тихомирова, ки  мутахассиси баландихтисоси соҳаи менеҷмент мебошад, роҳбарият ва директорони тиҷоратии шабакаҳои телевизиониро  бо усулҳои муосири мудирияти тиҷоратӣ, пешниҳоди бренди шабакаҳо, мавқеъ пайдо кардани  шабакаҳо дар бозори медиа ва рақобатпазирии онҳо шинос мекунад.

Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон»   1 марти соли 2016 ба фаъолият оғоз карда, ҳадафи он такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони  ВАО-и кишвар аст.

Апрель 7, 2017 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад