Академияи ВАО-и Тоҷикистон барои роҳбарони шабакаҳои телевизионии давлативу мустақил машғулияти омӯзишӣ доир мекунад
ДУШАНБЕ, 07.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омӯзиши равандҳои муосири мудирияти шабакаҳои телевизионӣ, ҷолибсозии муҳтавои барномаҳо, ҷалби реклама ва муайян кардани стратегияи бомуваффақи фаъолияти телевизионӣ, ки феълан дар Тоҷикистон дар ҳоли ташаккул қарор дорад, Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» рӯзҳои 7 ва 8 апрел барои роҳбарони шабакаҳои телевизионии давлативу мустақил машғулияти омӯзишӣ доир мекунад.
Тӯли ду рӯз тренер аз Федератсияи Россия, муовини декани факултаи коммуникатсия, медиа ва дизайни Мактаби олии иқтисодии Федератсияи Россия Татяна Тихомирова, ки мутахассиси баландихтисоси соҳаи менеҷмент мебошад, роҳбарият ва директорони тиҷоратии шабакаҳои телевизиониро бо усулҳои муосири мудирияти тиҷоратӣ, пешниҳоди бренди шабакаҳо, мавқеъ пайдо кардани шабакаҳо дар бозори медиа ва рақобатпазирии онҳо шинос мекунад.
Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» 1 марти соли 2016 ба фаъолият оғоз карда, ҳадафи он такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони ВАО-и кишвар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






