Ҳамоиш дар Академияи ВАО бо иштироки намояндагони ширкатҳои «SONY», «VIZRT» ва «ICSC»

Апрель 21, 2017 11:19

ДУШАНБЕ, 21.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки намояндагони ширкатҳои бонуфузи «SONY», «VIZRT» ва «ICSC» дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» барои кормандони бахшҳои техникии шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар ҳамоиш баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш намояндагони ширкатҳои мазкур роҳбарону ҳайати техникии радиою телевизионро бо технологияҳои муосири бахши телевизион ва радио шинос карданд. Вячеслав Кмочнико, намояндаи ширкати «SONY», яке аз истеҳсолкунандагони дар ҷаҳон пешсафи таҷҳизоти муосири телевизионӣ, ба иштирокчиёни чорабинӣ дар бораи дастовардҳои навтарини ширкат сухан гуфта, технологияҳои ҷадидро, ки бевосита ба соҳаи телевизиону радио ва кинематография марбутанд, муаррифӣ кард. Ҳамзамон Алексей Исаев, намояндаи ширкати «VIZRT», ки истеҳсолкунандаи дастгоҳи ЗD графика ва Real Time мебошад, таҷҳизоти ин ширкати машҳурро муаррифӣ намуд.
Сабоҳат Мамадасанова, сардори шуъбаи нашри Академияи ВАО-и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳамзамон намояндагони ширкатҳои бонуфузи «SONY», «VIZRT» ва «ICSC» барои кормандони фаннии шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон курси махсус оид ба истифодаи босамар аз технологияҳои навтарини технологӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати пахши барномаҳоро гузарониданд.
Бояд тазаккур дод, ки Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» соле қабл таъсис ёфта, рисолаташ бозомӯзии кормандони соҳаи ВАО мебошад.

Апрель 21, 2017 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд