«Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»-роҳпаймоии ҷавонон дар шаҳри Хоруғ
ХОРУҒ, 21.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 бо ширкати наздик ба ду ҳазор нафар ҷавонон роҳпаймоӣ зери шиори «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» баргузор шуд. Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, дорандаи стипендияи президентӣ Зайнура Кайковусова бо изҳори пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат изҳор дошт, ки «имрӯз ҳатто дар деҳоти дурафтодаи кишвар барои таҳсилу фароғати кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё шудааст. Сарвари давлат нисбат ба қишри ҷавони ҷомеа таваҷҷуҳи беандоза дорад ва ҳамеша аз онҳо даъват мекунад, ки донишу малакаи худро такмил диҳанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, зеро замони муосир ба ҷавонони лаёқатгаро ниёзи бештар дорад».
Гурӯҳи ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ барои иштирокдорони раҳпаймоӣ базми шеъру тарона баргузор намуданд.













Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






