Ба мансаби раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб минбаъд киҳо таъйин гардида метавонанд?
ДУШАНБЕ, 05.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне ба мансаби раис, муовини раис, сараудиторон ва роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда мешаванд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд. Ин мансабдорон дар ҳолати соҳиб гардидан ба шаҳрвандии дигар кишвар ҳуқуқ надоранд дар вазифаҳои зикргардида фаъолият намоянд. Дар ин росто 5 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид намуданд.
Абдуманнон Холиқзода, муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони кишвар гуфт, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани он ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 22 майи соли 2016 ба он тағийроту иловаҳо ворид гардида буданд.
Бояд тазаккур дод, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми олии назорати молиявист, соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Самти фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назорат ва таъмини шаффофияти истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ ва гузаронидани аудити берунӣ дар ниҳодҳои давлатӣ нигаронида шудааст. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба Президент ва Парлумон тобеъ буда, раис, муовини раис ва 5 нафар сараудитор аз ҷониби Президенти кишвар таъйин карда мешаванд. Ҳамзамон Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири «INTOSAI», «ECOSAI», «ASOSAI» мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






