Баъд аз 25 сол «Ozbekiston havo yollari» 11 апрел ба Душанбе нахустин парвоз анҷом медиҳад

Апрель 4, 2017 14:47

ДУШАНБЕ, 04.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Ширкати миллии ҳавонавардии Ӯзбекистон «Ozbekiston havo yollari» /Ӯзбекистон Ҳаво Йӯллари», «Uzbekistan Airways») тасмим гирифтааст, ки баъд аз 25 соли таваққуф 11 апрел бори нахуст ба Тоҷикистон парвоз анҷом диҳад. Ин матлаб 4 апрел зимни муаррифии зарфиятҳои ширкати миллии ҳавонавардии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон Ҳаво Йӯллари», ки дар Душанбе доир гардид, зикр шуд.
Шоҳқосим Шоҳисломов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки бобати тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахши ҳавонавардӣ ва ҳалли баъзе масоили марбут ба ин соҳа, фардо ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон шомиланд, озими Тошканд гардида, лоиҳаи Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ифтитоҳи роҳи ҳавоии байналмилалӣ ва ба роҳ мондани парвозҳои доимиро дар масири Душанбе- Тошканд баррасӣ менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз 4 апрел мебоист ширкати миллии ҳавонавардии Ӯзбекистон «Ozbekiston havo yollari» ба Тоҷикистон нахустин парвоз анҷом медод, вале бо назардошти ҷой доштани баъзе норасоиҳо дар ҳуҷҷатгузорӣ парвоз ба 11 апрел мавқуф гузошта шуд. Дар ин росто Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов дар ҷамъи хабарнигорони ватанию хориҷӣ дар Душанбе гуфт, ки дар ин масъала ягон омили сиёсӣ вуҷуд надорад ва ба он тобиши сиёсӣ надиҳанд, зеро дар муносиботи гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамҷавор, ки аз қадимулайём анъанаҳои неки фарҳангӣ, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо ҳам мепайвандад, саҳифаи нав боз гардидааст, ки он ба рушди равобити ҳасанаи ду ҳамсоякишвар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсири мусбат мерасонад. Далели ин дар моҳи апрел дар Душанбе ташкил намудани намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Ӯзбекистон ва баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратию соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе мебошад, ки он аз тақвияти муносиботи ду кишвари ҳамсоя- Тоҷикистону Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон Сафир афзуд, ки интизор меравад доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ ва иштирокчиёни намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Ӯзбекистон бо нахустин парвози ҳавопаймои «Ozbekiston havo yollari» вориди Тоҷикистон гарданд. Дар мавриди арзиши чиптаи ҳавопаймо дар хатсайри Тошканд- Душанбе, ки 140 доллар аст, дипломати ӯзбек таъкид кард, ки албатта, барои 45 дақиқаи парвоз ин маблағ, хусусан барои мардуми оддӣ гарон аст. Бояд тазаккур дод, ки парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе ва Тошканд аз соли 1992 инҷониб сурат намегирифт.
Барқарор намудани роҳи ҳавоӣ байни ду кишвари ҳамсоя барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва рафтуои мусофирон шароити мусоид фароҳам меорад ва он қадами устуворе ҳоҳад буд дар тавсеаи равобити Душанбе ва Тошканд.
Мавриди зикр аст, ки «Узбекистон Ҳаво Йуллари» /«Uzbekistan Airways»/ ширкати миллии ҳавонавардии Ӯзбекистон буда, соли 1992 бо Фармони собиқ Президенти ин кишвар Ислом Каримов бо мақсади рушди бахши ҳавонавардии миллии Ӯзбекистон таъсис дода шудааст. «Узбекистон Ҳаво Йулларӣ» алҳол дар 25 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дошта, ба 40 шаҳри бузурги қораи Осиё ва Аврупо парвоз анҷом медиҳад ва дорои 15 ҳазор корманд ва мутахассис мебошад.

Апрель 4, 2017 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд