Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Монголия Тсахиагийн Элбегдорж
ДУШАНБЕ, 24.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Монголия Тсахиагийн Элбегдорж барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Монголия сидқан табрику таҳният мегӯям.
Мо аз он қаноатмандем, ки тайи ин давра бар асари саъю талошҳои муштарак миёни кишварҳои мо чӣ дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва чӣ дар сатҳои ҳамёрии бисёрҷониба муносибатҳои гуногунҷанбаи нек ташаккул ёфтаанд, ки фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила хоси онҳо мебошад.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, изҳори итминон менамоям, ки равобити ҳасанаи ду кишвари дӯст дар оянда низ ба манфиати мардумонамон бо суръати бештар рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳативу комёбиҳои нав ба нав ва ба кишвари дӯсти Монголия – сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






