Баргузории марҳилаи шаҳрии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар Хуҷанд
ХУҶАНД. 05.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон дирӯз дар маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд дар доираи баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ марҳилаи шаҳрии ин мусобиқот оғоз гардид. Тавре аз бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят иттилоъ доданд, дар расми ифтитоҳи мусобиқоти мазкур намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳр ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, варзишгарону мураббиёни мактабҳои варзишии шаҳр Хуҷанд аз рӯи намудҳои гӯштингирӣ, ҷавгонбозӣ, вазнбардорӣ, варзиши сабук ва муштзанӣ иштирок намуданд,
Дар доираи фестивали варзишӣ аз рӯи гӯштини миллӣ мусобиқаи гӯштингирӣ бо иштироки беш аз 80 нафар наврасону ҷавонон аз мактабҳои варзишии маркази вилоят баргузор шуд, ки дар интиҳо дар ҳамаи вазнҳо ғолибон муайяну қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин дар доираи даври шаҳрии фестивал баргузории мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои дигари варзиши миллӣ дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






