Барои аз тармаву сел ва кӯҳпораҳо пок кардани роҳҳои автомобилии ВМКБ қариб якуним миллион сомонӣ сарф шудааст

Апрель 28, 2017 11:02

ХОРУҒ, 28.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боришоти чанд рӯзи охир роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон    хароб шуданд ва барои мусофирону ронандагон ҳар сари чанд вақт монеа эҷод мекунанд. Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», раиси ВМКБ  Шодихон Ҷамшед зимни як ҷаласаи фаврӣ ба масъулини корхонаи «Бадахшонроҳсоз» ва хадамот дар танзими роҳ супориш дод, ки техникаву механизмҳои худро ҳамеша дар ҳолати хуб нигоҳ доранд ва агар имкон бошад, пешакӣ ба  мавзеъҳои хатарнок интиқол диҳанд. Кӯшиш намоянд, ки роҳбандӣ ба дарозо кашида нашавад, зеро дар миёни мусофирон кӯдакону занон, пирону маризон ҳастанд ва онҳо набояд ба сабаби кашолкории мо азоб кашанд.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз масъулини Ситоди ҳолатҳои фавқулода  ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳо даъват кард, ки миқдори муайяни моддаҳои таркандаро ба мақсади таркондани кӯпораҳо захира намоянд. «Бино ба иттилои мутахассисони обуҳавосанҷӣ, эҳтимоли боридани борон то охири моҳи апрел вуҷуд дорад. Аз эҳтимол дур нест, ки боз бо ҳодисаҳои сангчарху афтодани кӯпораҳо рӯ ба рӯ шавем. Аз ин рӯ бо истифода аз ин рӯзҳои офтобӣ техникаву механизмҳои роҳсозиро бори дигар санҷида, таъмир намудан зарур аст»,-гуфт раиси вилоят.

Ба иттилои манбаъ, барои аз тармаву сел ва кӯҳпораҳо пок кардани роҳҳои автомобилии ВМКБ наздик ба якуним миллион сомонӣ маблағи иловагӣ масраф шудааст.

 

Апрель 28, 2017 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд