Баррасии зарурати дастгирии молиявии аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ
ДУШАНБЕ, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Зарурати дастгирии молиявии аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дирӯз зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо муовини Директори Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) Норберт Мумбаро, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти БМТ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаҳои ҷаласаи 15-уми гурӯҳи корӣ оид ба дастрасии молиявӣ ва ҷаласаи даҳуми гурӯҳи корӣ оид ба андӯхтани таҷриба дар самти стратегияи дастрасии молиявии Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) барои густариш ва тақвияти минбаъдаи ҳамкории судманд дар доираи ташкилоти мазкур тақвият бахшида шуда, барои ҳамкории минбаъда заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Норберт Мумба оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар намудани фаъолияти донорҳо дар самти коркарди «Стратегияи дастрасии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2017-2030», афзалият додан ба занҳои соҳибкор, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ки барои рушду нумӯи кишвар нақши босазо дорад, ибрози назар намуда, омодагии Иттиҳод оид ба дастрасии молияви (AFI)-ро дар самти низоми молиявӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба низоми бонкию молиявӣ, татбиқи барномаҳои якҷоя ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори андеша кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо чанд масъала, аз ҷумла вазъи кунунии низоми бонкӣ, дастгирии техникӣ, сафарбар намудани мутахассисон барои такмили ихтисос дар хориҷ аз кишвар, табодули таҷриба, ҳамкории судманд дар самти низоми молиявии кишвар, истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба низоми бонкию молиявӣ, «Стратегияи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ барои солҳои 2017-2019»-ро муҳокима карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд






