Бонки Эсхата ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи лоиҳаи ECTAP маблағгузорӣ менамояд

Апрель 20, 2017 15:01

ДУШАНБЕ, 20.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бонки Эсхата бо мақсади рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатпазирии самти хоҷагии қишлоқ»-ро (ECTAP) ба тасвиб расонд, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда шудааст. Дар ин бора аз Бонки мазкур хабар доданд.
Лоиҳаи мазкур маблағгузории харидории таҷҳизот ва нақлиёти хоҷагии қишлоқро, ки аз ҷониби БАТР қабул карда шудааст, пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон имконияти гирифтани грант дар ҳаҷми 20% аз андозаи маблағи қарзӣ мавҷуд аст.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имконият доранд, ки барои рушди соҳаҳои тухмикорӣ, боғу токпарварӣ, рушди чорводорӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти шириву гӯштӣ маблағҳои қарзиро бо шартҳои муфид дастрас намоянд.
Алиҷон Сулаймонов, ҳамоҳангсоз оид ба рушди қарзҳои кишоварзии ин бонк иброз намуд, ки «айни ҳол лоиҳаи мазкур озмоишӣ буда, дар чор ноҳияи фарогирандаи Бонки Эсхата татбиқ мегардад. Мо умед дорем лоиҳаи мазкур натиҷаҳои хуб медиҳад ва ояндаи наздик мо онро дар тамоми низоми бонкӣ ҷорӣ мекунем».
Инчунин зикр гардид, ки барои дуруст ва бо сифати баланд ба роҳ мондани ҷараёни пешниҳоди қарз ба аҳолӣ ва татбиқи бомуваффақияти лоиҳа дар ҳамаи филиалҳои Бонки Эсхата семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.

Апрель 20, 2017 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад