Боздошти сокинони ноҳияи Шаҳринав бо гумони дуздии қариб 200 метр хатҳои телефонӣ

Апрель 24, 2017 16:19

ДУШАНБЕ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор гардидани як ҷинояти дуздӣ, ки зимни он аз ҷониби ду нафар сокинони ноҳияи Шаҳринав 198 метр ноқилҳои хатҳои телефон дуздида шуда буд, хабар додааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ба мақомоти милитсия хабар расид, ки шаби 25 ба 26 декабри соли 2016, тахминан соати 01:30 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Шаҳринав ва Сабои ноҳияи Шаҳринав дар маҷмӯъ 198 метр ноқилҳои хатҳои телефониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»-и ноҳияи Шаҳринав 5 ҳазору 148 сомониро ташкил додааст.
«Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур ду нафар марди 48 ва 52-солаи сокинони ноҳияи Шаҳринав, ки ҳар ду ҳам қаблан суд шудаанд, дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ аз онҳо гирифта шуданд»,-иттилоъ доданд аз Вазорат.

Апрель 24, 2017 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид