Чорабиниҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бомаром идома доранд

Апрель 12, 2017 15:13

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷараён дорад.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар давоми беш аз 10 рӯзи ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ 40%-ро ташкил дод.
Ин нишондод дар вилояти Хатлон ба 37% баробар буда, аллакай ноҳияи Н. Хусрави ин минтақа аз иҷрои пурраи нақшаи ба онҳо пешбинишуда гузориш доданд.
Дар давоми беш аз 10 рӯзи чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар байни вилоятҳо иҷрои нақша дар гарнизони Хоруғ ба 44% баробар мебошад. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд бошад, иҷрои нақша 47%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 35% ва дар чор навоҳии пойтахт он ба 27%-ро баробар аст.

Апрель 12, 2017 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад