Дар Душанбе 15 апрел ниммарафони навбатӣ баргузор мегардад

Апрель 4, 2017 20:17

ДУШАНБЕ, 04.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрели соли равон бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳаштумин ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Дар робита ба ин имрӯз аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба имзо расид. Тибқи қарормарафони мазкур баҳри таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо гузаронида мешавад.
Тавре аз Шуъбаи иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба Сарраёсати молияи пойтахт супориш дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳр барои баргузории марафони мазкур 316 ҳазору 620 сомонӣ ҷудо намояд.
Ниммарафон рӯзи шанбе, 15 апрел соати 9:00-и субҳ оғоз мешавад.
Бояд зикр кард, ки ниммарафони Душанбе ба рӯйхати расмии Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ворид шудааст, ки ба он мақоми баланд медиҳад. Тибқи анъана дар ин марафон ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, инчунин варзишгарони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Россия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Франсия ва дигар кишварҳои ҷаҳон иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин ниммарафони сатҳи байналмилалии Душанбе ба масофаи 21 км бо иштироки варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкор, инчунин беҳтарин варзишгарон аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ моҳи апрели соли 2010 гузаронида шуда буд.
Рустами Эмомалӣ бо қарори дигари худ вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор сохт, ки барои муташаккилона ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Тибқи қарори мазкур ҳамчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе уҳдадор гардиданд, ки барои дар сатҳи баланд амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳои мазкур ва дар ин замина ташкили чорабиниҳои ободониву хуррамгардонӣ, фароғативу фарҳангӣ ва варзишиву солимгардонӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ба раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва бехатарии зиддисӯхтор дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо омодагӣ бинанд.

Апрель 4, 2017 20:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид