Дар Душанбе Фестивал-намоишгоҳи панҷуми автомобилҳои коллексионии «Авто Ретро-Душанбе» баргузор мегардад

Апрель 24, 2017 19:48

ДУШАНБЕ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар доираи тадбирҳо бахшида ба 72-юмин солгарди  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе  Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто Ретро- Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин бора имрӯз қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.

Фестивал-намоишгоҳ 6 майи соли ҷорӣ (рӯзи шанбе) аз соати 8:00 то 18:00 дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе» ва ҶДДМ «Кохи Наврӯз»-и пойтахт доир карда мешавад.

Дар чунин фестивал -намоишгоҳ, тавре қаблан иттилоъ дода будем, одатан мошинҳои қадимаи истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Ба ибораи дигар, дӯстдорон ва касбиёни ретро дар ин ҷо чизеро нишон медиҳанд, ки дигар дар ҳеҷ ҷои дигар  дида намешавад.

Дар Ғарб чунин намоишгоҳҳо-фестивалҳоро «олдтаймер-галлерея» меноманд. «Олдтаймер» калимаи англисӣ буда, «қадима, мошини нодир» тарҷума мешавад ва одатан мошинҳоеро, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, ифода  мекунад. Бинобар ин, меҳмонони Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто-ретро Душанбе»  метавонанд аз тамошои ретро-мошинҳои нодир ва тамошобоби тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожец», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz», ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, ҳаловат баранд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ретро-намоишгоҳи мошинҳо дар Душанбе моҳи апрели соли 2013 баргузор шуда буд.

Авто-ретро-0

Апрель 24, 2017 19:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд