Дар Душанбе Фестивал-намоишгоҳи панҷуми автомобилҳои коллексионии «Авто Ретро-Душанбе» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар доираи тадбирҳо бахшида ба 72-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто Ретро- Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин бора имрӯз қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Фестивал-намоишгоҳ 6 майи соли ҷорӣ (рӯзи шанбе) аз соати 8:00 то 18:00 дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе» ва ҶДДМ «Кохи Наврӯз»-и пойтахт доир карда мешавад.
Дар чунин фестивал -намоишгоҳ, тавре қаблан иттилоъ дода будем, одатан мошинҳои қадимаи истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Ба ибораи дигар, дӯстдорон ва касбиёни ретро дар ин ҷо чизеро нишон медиҳанд, ки дигар дар ҳеҷ ҷои дигар дида намешавад.
Дар Ғарб чунин намоишгоҳҳо-фестивалҳоро «олдтаймер-галлерея» меноманд. «Олдтаймер» калимаи англисӣ буда, «қадима, мошини нодир» тарҷума мешавад ва одатан мошинҳоеро, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, ифода мекунад. Бинобар ин, меҳмонони Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто-ретро Душанбе» метавонанд аз тамошои ретро-мошинҳои нодир ва тамошобоби тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожец», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz», ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, ҳаловат баранд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ретро-намоишгоҳи мошинҳо дар Душанбе моҳи апрели соли 2013 баргузор шуда буд.









Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






