Дар Душанбе намоиши мусаввараҳои Фарҳод Давлатов баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 11 апрели соли равон соати 18:00 дар чойхонаи «Машрабия»-и меҳмонхонаи «Серена» маросими ифтитоҳи намоиши мусаввараҳои рассом Фарҳод Давлатов баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дӯстдорони санъати тасвирӣ метавонанд аз намоишгоҳи мазкур то 28 апрели соли равон дидан намоянд.
«Фарҳод Давлатов хатмкардаи Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошад. Асарҳои ӯ дар шаҳрҳои Дубай, Шанхай, Санкт-Петербург ва Гуанҷу намоиш дода шудаанд»,- иттилоъ доданд аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мусаввараҳои Фарҳод Олимов бештар инъикосгари табиати зебои Тоҷикистон мебошанд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






