Дар Хуҷанд намоиши китобҳои кӯдакона дар доираи «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» доир шуд

Апрель 5, 2017 17:51

ХУҶАНД, 05.04.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон  таҳти унвони «Беҳтарин ёри вафодор» дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд намоиши китобӣ ва маҳфили адабӣ бахшида ба 90-солагии шоир, нависанда ва драматург Аъзам Сидқӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз раёсати фарҳанги вилоятӣ иттилоъ доданд, дар намоиши мазкур адибону олимон, дӯстдорони китобу толибилмони мактабҳои шаҳр ширкат намуда, дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ ва инчунин эҷодиёти адиби шинохта Аъзам Сидқӣ изҳори назар карданд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки баргузории чунин намоишҳо баҳри баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар ҷомеа, ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва шиносоӣ бо китобҳои тозанашри адибони муосир заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар қисми адабии барнома аз ҷониби хонандагон, аъзои маҳфили китобдорон намоиши саҳнача, қироати шеърҳо дар васфи китобу китобдорӣ ва бузургии он, Ватан ва Модар пешкаш карда шуд.

 

 

Апрель 5, 2017 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе