Дар Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ҷаласаи корӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд бо иштироки раисони комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо, комиссарҳои ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ҷаласаи корӣ баргузор шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҷаласа бо иштироки Рустам Раҳматзода, муовини якуми Раиси вилояти Суғд, раиси комиссияи даъватии вилоятӣ сурат гирифта, дар он асосан ҷараёни ичрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» мавриди назар қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки бо таваҷҷуҳи бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити буду боши хизматичиёни ҳарбӣ дар тамоми қисмҳои низомӣ беҳтар гардида, ин тадбир барои зиёд гардидани сафи ихтиёриён таъсири амиқ расонидааст.
Дар ҷаласа раиси комиссияи даъватии вилоятӣ Рустам Раҳматзода вобаста ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ сухан гуфта, барои ҷоннок намудани фаъолият, бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар мавсими даъвати баҳории ҷавонон супоришҳои мушаххас дод.









«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд






