Дар ноҳияи Дӯстӣ фурӯши 1000 дона лампаи тафсон пешгирӣ гардид

Апрель 28, 2017 15:05

ДУШАНБЕ, 28.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон як ҳолати риоя нагардидани талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ошкор намуданд.

Тавре роҳбари марказ дар вилояти Хатлон Диловар Пирназарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни гузаронидани  санҷишҳои нақшавӣ дар ноҳияи Дӯстӣ   аз анбори як мағозаи фурўши молҳои ниёзи мардум ба миқдори 1000 дона лампаҳои тафсон, ки бо мақсади ба фурӯш баровардан нигоҳ дошта мешуданд, дарёфт ва мусодира гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар айни ҳол нисбат ба ин соҳибкор парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст.

 

 

 

 

 

Апрель 28, 2017 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе