Дар ноҳияи Ёвон ба пешвози ҷашни Ваҳдати миллӣ корҳои омодагӣ вусъат мегиранд
ЁВОН, 28.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони вилояти Хатлон имсол 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар ноҳияи Ёвон ҷашн мегиранд. Масъулини ноҳияи Ёвон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию сабзазоркуниро вусъат бахшида истодаанд. Сардори Раёсати коммуналӣ, истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон Субҳон Ёров иброз намуд, ки барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва қабул намудани меҳмонон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ дар маркази ноҳия 200 бех ниҳоли ороишӣ ва дар гулгаштҳо 11 ҳазор бех гули садбаргу лола ва 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинондаанд. Инчунин маркази ноҳияро бо зиёда аз 700 шиору овезаҳо зиннат дода, 6500 метр ҷӯйборҳоро аз партоб тоза намуданд.
Муовини раиси ҷамоати шаҳраки Ёвон Нигина Ашурова гуфт, ки «ҷашни Ваҳдати миллӣ нишонаи сулҳу оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва бозгӯи бахти баланди ҳар миллат маҳсуб мешавад. Хушбахтона, ин арзиши бебаҳои ҳаётро сокинони кишвари азизамон чун гавҳараки чашм ҳифз мекунанд. Имрӯзҳо ба хотири зиёд гардидани фаҳмиши ҷавонон доир ба ин рӯйдоди таърихӣ ва муқаддас донистани ин рӯзи муборак дар асоси нақшаи корӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, коллеҷҳо, литсейҳои касбии техникӣ, марказҳои фарҳангии ҷавонон ва чойхонаҳои ҷамъиятӣ барномаҳои гуногуни оммавӣ, конфронсу суҳбатҳо, озмуну маҳфилҳои илмию фарҳангӣ доир менамоем. Чунки ваҳдат пойдевори ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёт, беҳбудии зиндагии мардум аз он ибтидо мегирад».








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






