Дар Қӯрғонтеппа оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ машварат доир шуд

Апрель 20, 2017 17:19

ҚӮРҒОНТЕППА, 20.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Иттилоот ва нақши он дар таъмини сулҳу суботу амнияти кишвар» машварат баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.
Дар кори машварат муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло сухан гуфтанд. Дар машварат муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, мудирони маориф, имомхатибони масҷидҳои чомеи шаҳру навоҳӣ ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Тавре масъулини машварат иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории он таъмини амнияти иттилоотӣ мебошад.
Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода итттилоотро воситаи муҳими таъмини сафарбар кардани ҷомеа барои расидан ба ҳадафҳои дарпешистода номида, зарурати саҳеҳ ва дақиқ будани ҳар як иттилоъро таъкид кард.
«Мо бояд нагузорем, ки ба воситаи паҳн кардани иттилои нодуруст касе ҳаёти осоиштаи чомеаи моро халалдор созад»,-иброз дошт М.Хидирзода.

Апрель 20, 2017 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад