Дар Рӯзи пойтахт 40 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU» мавриди истифода қарор дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон 23 марти соли равон бо яке аз ширкатҳои Ҷумҳурии Туркия шартномаи ҳамкорӣ баст, ки мувофиқи он дар марҳилаи аввал 40 адад ва марҳилаи дуюм 24 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU» ба шаҳри Душанбе ворид мегарданд.
Шоми дирӯз мувофиқи ин шартнома 40 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU» аз ҷониби ронандагони тоҷик аз Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил дода шуданд. Автобусҳои нав ба маблағи умумии 3428600 евро харидорӣ шуда, ҳар кадом 85 000 евро нарх доранд. Автобусҳои мусофиркаши нав ба ҳама талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар онҳо ду камераи мушоҳидавӣ насб гардидааст. Дар автобусҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд низ шароит фароҳам оварда шудааст»,- гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Қурбон Саидзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе.
Қурбон Саидзода ҳамчунин зикр кард, ки автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU» 15 апрел, ки ба ҷашни Рӯзи пойтахт рост меояд, ба истифода дода шуда, дар ин рӯз ба таври ройгон ба мардум хизмат мерасонанд.
Мусофиркашонҳои нав дар хатсайри №1 ва №3 дар маркази шаҳр -хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат намуда, баъди ду моҳи пардохти нақдӣ ба хизматрасонии электронӣ мегузаранд. Дар ҳар автобус се таҷҳизоти электронӣ насб мегардад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани мусофиркашҳои нав, автобусҳои ба талабот ҷавобгубуда барои истифода ба дигар хатсайрҳо интиқол дода шуда, автобусҳои муҳлати истифодаашон гузашта комилан аз хатсайрҳо бардошта мешаванд.
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ният дорад, ки моҳи июли соли равон боз 24 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU»-ро ба шаҳри Душанбе ворид намояд», — афзуд Қурбон Саидзода.














Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд






