Дар шаҳри Душанбе хариду фурӯши нахустин вомбаргҳои корпоративии «Бонки Эсхата» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оғози хариду фурӯши нахустин вомбаргхои корпоративии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмиллалӣ, шарикони рушд ва соҳибкорони ватанӣ иштирок намуданд.
Алишер Шерназаров, раиси ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» зикр намуд, ки «имрӯз як рӯйдоди таърихӣ на танҳо дар пешрафти рушди иқтисодист, балки аз нахустин саҳифаҳои саршавии биржа ва бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақсади ҷамъомади имрӯзаи мо ин рушди бозори биржавӣ дар ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ дар бораи имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва инчунин ташкил намудани замина ба ширкатҳои маҳаллӣ барои ҷалб намудани сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ мебошад».
Бояд зикр намуд, ки маблағи умумии барориш 20 миллион сомонӣ буда, муҳлати он 2 солро ташкил медиҳад. Арзиши номиналии вомбарг- 100 сомонӣ ва даромаднокии он 22% солона аст. Ҳангоми гузаштани муҳлати вомбарг фоизи он аз рӯи арзиши номиналӣ пардохта мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






