Дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳҳо оғоз гардид
ХУҶАНД, 13.04.2017. /АМИТ «Ховар» /. Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунии роҳҳо оғоз ёфтанд. Бо истифода аз рӯзҳои гарми фасли баҳор, соли равон корҳои мумфаршкунии роҳҳо аз қисми шимолу шарқии шаҳр- назди автовокзали «Роҳи Абрешим»-и маҳаллаи Навбаҳор оғоз шуданд.
Тавре масъулин аз Идораи роҳсозии шаҳр иттилоъ доданд, дар оғози мумфаршкунии роҳи мазкур раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирок намуда, таъкид дошт, ки соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои мумфаршкунӣ дар дигар кӯчаву маҳаллаҳо низ ба анҷом расонида мешаванд.
Дар маҷмӯъ, соли равон дар маркази вилоят тибқи нақша мумфаршкунии наздик ба 40 км роҳҳои дохили маҳаллаҳои шаҳр ва кӯчаву хиёбонҳо пешбинӣ гардида, баҳри ба анҷом расонидани корҳо дар ин самт ҳоло аз ҷониби идораи роҳсозии шаҳр бо маблағгузории ҳокимияти маҳаллӣ беш аз 5 тонна маҳсулоти мумфаршкунӣ, аз ҷумла битум ва шағал захира карда шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






