Дар Суғд ба маблағи 403,5 млн. сомонӣ маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ истеҳсол шуд

Апрель 13, 2017 15:14

ДУШАНБЕ, 12.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Давоми семоҳаи аввали соли 2017 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар вилояти Суғд 403,5 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 105,7 фоиз баробар мебошад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, то 1 апрели соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 10940 тонна гӯшт, 64787 тонна шир, 36,2 млн. дона тухм, 17,5 тонна моҳӣ, 212,7 тонна пашм ва 217,8 тонна сабзавот истеҳсол гардида, нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта афзоиши ҳамаи номгӯи маҳсулот таъмин карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод намудани маслиҳатҳои муфиду маълумоти соҳавӣ аз ҳисоби роҳбарону мутахассисони сохторҳои марбута намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳру ноҳияҳо вобаста ва сафарбар карда шуданд.

Апрель 13, 2017 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад